Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи теъдоди афроде, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтанд, пас аз Укроин дар ҷои дуввум қарор доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Азия-Плюс бо такя ба манобеаш менависад, ин омор дар як шабонарӯз ҳудуди 410 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 287,5 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Аз ин шумор 204 ҳазору 820 нафар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

104 ҳазору 168 нафаре, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, шаҳрвандони Укроин буда, дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар зинаи аввал қарор доранд.  Дар ҷои дуюм Тоҷикистон қарор дорад.

Арманистон бо 22 ҳазору 136 нафар дар зинаи сеюм аст.  Баъдан Қазоқистон (21 ҳазору 647), Ӯзбекистон (13 ҳазору 099), Озарбойҷон (12 ҳазору 329), Қирғизистон (10 ҳазору 632), Белорус (8 ҳазору 853), Молдова (8 ҳазору 239), Гурҷистон (1,840), Туркманистон (1549), Литва (137), Латвия (134) ва Эстония (57).

Гуфта мешавад, як сол қабл теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, 64 ҳазору 167 нафар бештар будааст. Яъне, шумораи онҳо 12 фоиз кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, теъдоди хориҷиёне, ки ба қайди муҳоҷират ворид шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввал ин рақам нисбат ба соли гузашта қариб 3 миллион нафар афзуда, беш аз 8 миллион нафарро ташкил додааст.

Аз ҷумла, имрӯз 2 миллиону 156 ҳазору 25 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия сабти ном шудаанд, ки 1 миллиону 774 ҳазору 034 нафарашон барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд.

Дар 6 моҳи соли 2022, 24 ҳазору 698 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи иқомати муваққатӣ ва 51 ҳазору 463 нафар иҷозаи иқомат (асосан) гирифтаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2021-ум 103 ҳазору 681 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь