Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз осорхонаҳои МД “Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд” беш аз 25 ҳазор нафар дидан кардаанд. Аз ин шумора қариб 1,500 нафарашон сайёҳони хориҷианд. Дар ин бора Нодира Олимова, муовин дар корҳои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд иттилоъ дод.

Вай таъкид кард, ки давоми ду-се соли охир боздиди сайёҳони хориҷӣ ба осорхона назар ба солҳои қаблӣ зиёд шудааст. Давоми рӯз масъулони осорхона наздики 15-20 сайёҳи хориҷиро қабул ва гусел мекунанд. Ба ҳамаи онҳо роҳбаладони осорхона бо забони русӣ ва ҳам англисӣ аз таърихи бозёфтҳои нодир ва қаҳрамонони халқи тоҷик, яъне аз давраи асри санг то замони Истиқлол, маълумот медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли равон чанд маротиба иқдоми харидории назди фонди осорхона гузаронда шуд, ки дар доири он 85 ашёи таърихиву фарҳангӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ин шумора 49 ашёи қадима харидорӣ карда шуда, боқимонда ба осорхона ройгон тақдим карда шудааст.

Масъулини осорхона мегӯянд, ки дар таътили тобистона бештар наврасону ҷавонон, хусусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ба осорхона меоянд. Ғайр аз ин, осорхона бо аксари муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои олии вилоят ҳамкории зич дорад, ки дар асоси он таҷрибаомӯзии донишҷӯён низ дар осорхона ба роҳ монда мешавад.

Ҳоло беш аз ду сол мешавад, ки дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҷҳизоти сенсорӣ насб карда шудааст, ки он кори кормандони осорхонаро ҳам нисбатан осон кардааст. Ба дохили таҷҳизоти мазкур тамоми нигораҳои таърихӣ, сиккаҳои давраи қадим ва лавозимоту ашёе, ки дар фонди осорхона маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, дар алоҳидагӣ, соҳа ба соҳа, дохил карда шудаанд. Ин кор бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон ба осорхона рӯйи даст гирифта шудааст, зеро маълумоти таҷҳизоти сенсорӣ бо забонҳои русиву англисӣ низ тарҷума карда шуда, бо барномаи махсус ҷойгир карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь