Ҳукумати Америка таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавиро ба Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи рашти Тоҷикистон месупорад.

Дар як маросими расмӣ, ки 21-уми ноябр дар маркази ноҳияи Рашт баргузор гашт, Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавиро ба Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории сили ин ноҳия супорид.

Фароҳам овардани чунин таҷҳизот барои тақвият бахшидани ҳамкириҳои васеъ миёни USAID ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, ки он ба татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил тақвият мебахшад.

Тибби фосилавӣ як навъ таҷҳизотест, ки он тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тиб ва силшиносонро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳам мепайвандад, то ин ки онҳо имкони мубодилаи таҷрибаро пайдо намоянд. Ин барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ хеле  зарур аст, бахусус дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ. Бо дастгирии барномаи USAID, ин аввалин маротиба аст, ки силшиносони ноҳияи Рашт имкон пайдо намуданд тариқи таҷҳозоти замонавӣ фаъолияти силшиносони Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо мутахасисон ва силшиносони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази омӯзишии беморхонаи «Мачитон», пайваст шаванд ва тариқи видеоконфронс, машваратҳо ва маслиҳатҳои муфид гиранд. 

Ҳадафи асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои панҷ сол пешбинӣ шудааст, ки маблағи 13.2 млн. доллари ИМА – ро дар бар мегирад ин коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон, маҳсуб мегардад. Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳоро, аз ҷумла омӯзиши кормандони тиб барои таҳкими системаи тандурустӣ, беҳтар намудани ҳамкорӣ,ҳамоҳангӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати бемории сил, фаро мегирад.

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил яке аз намунаҳои дигари ёрии ҳукумати ИМА дар самти беҳбуд бахшидани сиҳати мардуми Тоҷикистон мебошад. Кӯмаки ҳарсолаи USAID ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил мекунад, ки тақрибан 30% ин маблағ ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.

Акс аз avesta.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь