Аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли равон нисбати 166 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шуда, аз онҳо 84 ададаш бекор шуда, 75 қарори дигар ба қонун мутобиқат карда шуданд. Дар ин бора Пирзода Диловар, раиси Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон, дар нишаст ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки сабаби бекор шудани қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин аз ҷониби раисон ба шахсоне, ки эҳтиёманд нестанд, мебошад.

Номбурда илова кард, ки бештари бекоршавии қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияҳои Қубодиён 15 адад,  Хусрон 11 адад, Панҷ 10 адад,  Восеъ ва Фархор 9-ададӣ, , Шаҳритус 5 адад, Кӯлоб 6 адад, Мъминоюод 4 аад, Левакант 3 адад, Абдураҳмони Ҷомӣ 2 адад, Ёвон, Шамсиддин Шоҳин ва  шаҳри Бохтар 1-ададӣ мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь