Капитани 30-солаи дастаи “Истаравшан” ва ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Илҳомҷон Баротов футболбози беҳтарини кишвар дар дар ин мавсим эътироф шуд.

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар он барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ дар охири соли 2020 эълом шуданд, 28-уми декабр баргузор шуд. Дар охири мавсими футболи соли 2020 ғолибони лигаи наврасон ва занон, чемпионати футзал ва собиқадорон, ҷавонон, лигаҳои якум ва олии Тоҷикистон, инчунин ғолибон дар дигар номинатсияҳо мукофотонида шуданд.

Ба далели ҳамагир шудани вируси COVID-19маросим дар шакли телевизионӣ, бе иштироки меҳмонон, баргузор гардид.

Ниммуҳофизатгари собиқи «Истиқлол» Эҳсони Панҷшанбе, собиқ бозигари «Хуҷанд» Фатҳулло Фатҳуллоев ва капитани «Истаравшан» Илҳом Баротов талабгори унвони беҳтарин бозигари сол буданд. Дар натиҷа, Илҳомҷон Баротови 30-сола, ки беҳтарин голзани чемпионати Тоҷикистон-2020 гардид, дар ин номинатсия аввал дониста шуд. Ҳамчунин, Баротов ҳуҷумкунандаи юеҳтарини ин мавсим интихоб шуд.

Рустам Ятимов («Истиқлол») беҳтарин дарвозабони чемпионати Тоҷикистон-2020 гардид. Унвони муҳофизатгари беҳтарин ба Фирдавс Чақалов («Хуҷанд») насиб гардид. Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”) беҳтарин ниммуҳофизатгар дониста шуд. Мураббии “Истиқлол” Виталий Левченко беҳтарин мураббӣ эътироф шуд. Довари беҳтарин дар соли 2020 Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) буд. Ва ҷоизаи беҳтарин легионере, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад, ба Алексей Ларини украинӣ дода шуд.

Ҳама беҳтаринҳои мавсими 2020 дар футболи тоҷик:

Лигаи наврасони «Пешсаф» (U-15)

Беҳтарин бозигар – Ҳайдаршо Худойдодов («Суғд»)

Беҳтарин нишонзан – Диловар Азизов («Равшан»)

Мураббии беҳтарин – Фаридун Рустамов («Равшан»)

Лигаи наврасони «Пешсаф» (U-17)

Беҳтарин бозигар – Абубакр Сулаймонов («РШВСМ-2»)

Беҳтарин нишонзан – Далер Махатов («Ҷавонӣ», Ҷаббор Расулов)

Мураббии беҳтарин – Сафаралӣ Раҳмонов («РШВСМ-2»)

Лигаи наврасон (U-18)

Беҳтарин бозигар – Кароматулло Боронов («Орзу-2026»)

Беҳтарин нишонзан – Абдулло Шарифов («РШВСМ»)

Мураббии беҳтарин – Рустам Қурбонов (“Орзу-2026”)

Лигаи занон

Дарвозабони беҳтарин – Сайёра Саидова («Зебонисо»)

Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон»)

Бозигари беҳтарин – Рафина Нормуратова («Бешкент»)

Мураббии беҳтарин – Зебо Гасимова («Зебонисо»)

Лигаи касбии футзал

Дарвозабони беҳтарин – Фирӯз Бекмуродов (“Сипар”)

Беҳтарин ҳимоятгар – Дилшод Саломов («Сипар»)

Беҳтарин бозигари канорӣ – Самандар Ризомов (“Муҳоҷир”)

Беҳтарин бозигари универсалӣ – Вахтанг Кекелия («Соро компания»)

Беҳтарин бозигари меҳварӣ – Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»)

Беҳтарин бозигар – Дилшод Саломов («Сипар»)

Мураббии беҳтарин – Евгений Осинсев («Сипар»)

Чемпионат байни дастаҳои собиқадорон:

Беҳтарин бозигар – Насим Давлатов («Равшан»)

Беҳтарин нишонзан – Шуҷоат Неъматов («Рамис-Испечак»)

Мураббии беҳтарин – Ориф Маҳмудов («Ҳосилот»)

Чемпионат байни дастаҳои Лигаи якум

Беҳтарин бозигар – Аваз Қамчинов (“Ҳулбук”)

Мураббии беҳтарин – Ғайраталӣ Мираҳмедов («Равшан»)

Чемпионат байни ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ:

Беҳтарин бозигар – Парвиз Алиев («Хуҷанд»)

Мураббии беҳтарин – Аҳлиддин Турдиев («Локомотив-Помир»)

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ

Дарвозабони беҳтарин – Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳимоятгар – Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»)

Беҳтарин ниммуҳофизатгар – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Беҳтарин форвард – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Легионери беҳтарин – Алексей Ларин («Истиқлол»)

Мураббии беҳтарин – Виталий Левченко («Истиқлол»)

Довари беҳтарин – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Беҳтарин бозигари сол – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь