Як гурӯҳ сокинони шаҳри Ҳисор дар дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён бо роҳи ғайриқонунӣ ба сайд моҳӣ машғул шуда, бо дастгоҳи худсози барқӣ моҳидорӣ кардаанд.
12-уми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дошт, боздошт гардида, 5 нафар сокинони аз 31 то 38-солаи шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар сайди ғайриқонунии моҳӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон аз дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Ҳаваскор бо дастгоҳи худсози барқӣ (электроудочка) ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул шуда, ба табиат зарар расонидаанд.
Зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аз дохили нақлиёт 2 қаиқи резинӣ бо чӯб барои нишаст, 2 адад ҳалқаи тӯри худсоз бо дастачӯбаш, 4 адад дастак барои идора кардани қаиқҳо ва 1862 адад моҳӣ ёфт шудаанд. Маълум гардидааст, ки 1808 ширмоҳӣ ва 54 симмоҳии шарқӣ, дар маҷмӯъ
Мутобиқи санад ва хулосаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон номбурдагон 93 ҳазору 100 сомонӣ ба табиат зарар расонидаанд.
Гуфта мешавад, ки аз аввали сол то ба имрӯз аз ҷониби кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ 8 тонна моҳӣ аз шахсоне, ки ба интиқоли ғайриқонунӣ ва сайди ғайриқонунии он машғул буданд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.