Имрӯз дар саридораи ҶСП ТАҚХ  «Имон Интернешнл» созишнома байни Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва «Имон Интернешнл» дар доираи лоиҳаҳои GEFF ва WIB дар вазъи тантанавӣ  ба имзо расонида шуд.

GEFF (Механизми маблағгузории иқтисоди сабз) корхонаҳои хурду миёна ва хонаводаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мехоҳанд ба технологияҳои сабз сармоягузорӣ кунанд, дастгирӣ мекунад. Ин як қисми нақшаи БАТР оид ба афзоиши маблағгузории фаъолиятҳое мебошад, ки  бо иқлим ва муҳити зист алоқамандӣ  доранд.

Қарор аст, ки он то соли 2025 беш аз 50 дарсади сармоягузории солонаи худро ба қарздиҳии сабз равона кунад.

Фонди GEFF, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби GCF ва Ҷумҳурии Корея дастгирӣ мешавад, инчунин маблағҳои Иттиҳоди Аврупоро дар доираи Барномаи баланд бардоштани рақобатпазирии агротиҷорати Тоҷикистон (ECTAP) истифода мебарад.

Дар ин чорабинӣ аз ҷониби БАТР барои маблағгузории қарздиҳии сабз ва пешбурди соҳибкории занона дар Тоҷикистон 4 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ эълон карда шуд.

Бастаи молиявӣ дар доираи Фонди маблағгузории иқтисоди сабзи Бонк (GEFF) қарз дар ҳаҷми  3 миллион доллари ИМА -ро дар бар мегирад. Аз маблағҳои худи БАТР то 2,25 миллион доллари амрикоӣ ва 0,75 миллион доллари ИМА боқимонда ҳамчун маблағгузории имтиёзнок аз ҷониби хазинаи «GreenClimateFund» пешниҳод карда мешаванд.

Қисми боқимондаи баста, то 1 миллион доллари ИМА дар доираи барномаи БАТР WIB “Занон дар тиҷорат” пешниҳод  карда мешавад ва ба рушди соҳибкории занона ва фаъолияти кории онҳо тариқи дастрасӣ ба молия, ноу-хау ва технологияҳо мусоидат хоҳад кард. Тавассути ин сармоягузорӣ, ҶСП ТАҚХ  «Имон Интернешнл» инчунин метавонад, хизматрасонии молиявии пешниҳодкардаи худро ба ширкатҳои таҳти роҳбарии занон боз ҳам беҳтар кунад.

Намояндаи БАТР Юсупов Баҳодур қайд кард, ки “Имон Интернешнл” ташкилоти амонатии қарзии хурди пешсаф  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин лоиҳаҳо ягона  нестанд ва дар оянда ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои аз ин ҳам калонтар ба нақша гирифта шудааст.

Дар навбати худ Андрей Палка, раиси Раёсати ҶСП ТАҚХ  “Имон Интернешнл” қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо БАТР зиёда аз 10 сол боз идома дорад ва дар ин муддат таҳти сарпарастии лоиҳаҳои гуногун зиёда аз 1000 қарзгирандагон  барои рушди соҳибкорӣ маблағ гирифтаанд. Ҳамчунин Андрей Палка саҳми пурарзиши  кормандони ташкилотро  дар татбиқи ин лоиҳаҳо қайд кард.

ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд минбаъд низ  барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии занони соҳибкор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  кӯшиш  хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь