Волидони чор хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Урали Қазоқистон ба воситаи суд талош доранд, ки ба омӯзиши фарзандони онҳо дар таълимгоҳҳои №7 ва №37 бо рӯймол иҷозат дода шавад. Дар ин бора вакили дифои волидайни мазкур Ормон Абдурашид иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Абдурашид, волидони қазоқ мехоҳанд, ба воситаи суд ғайриқонунӣ будани баъзе аз бандҳои муқаррароти дохилии мактабҳо ва фармони вазири маорифи Қазоқистонро аз 14 январи соли 2016 исбот кунанд. Ин фармон, омӯзиши хонандагонро бо либосҳои мазҳабӣ дар таълимгоҳҳо манъ мекунад.

Ба гуфтаи Ормон Абдурашид, бандҳои фармони вазири маорифи Қазоқистон мухолифи Конститутсияи ин кишвар аст, ки «ройгон будани таҳсилоти миёнаро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат дода, гирифтани онро ҳатмӣ меномад».

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ин чор хонанда на сатру ҳиҷоб, балки рӯймоли миллии қазоқӣ ва либоси ягонаи мактабӣ ба бар мекунанд.

Яке аз ин волидон Асет Султоналӣ гуфтааст, духтари ӯ дар мактаби № 7-и Урал, дар синфи 1-ум мехонад ва раҳбарияти мактаб аз миёнаҳои моҳи октябр бастани рӯймолро барои хонандагон манъ кардааст ва бинобар ин, фарзанди ӯ ҳоло наметавонад ба мактаб равад.

Мудири мактаби №7 Виктор Протасов аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карда, тавсия додааст, ки ба шуъбаи маорифи шаҳрӣ муроҷиат кунанд. Қарор аст, имрӯз ва фардо додгоҳи №2-и Урал шикояти волидонро баррасӣ кунад.

Пештар раҳбари шуъбаи маорифи вилоятӣ Зауре Гумарова низ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, “тамоми хонандагон вазифадоранд, ки талаботи пӯшидани либоси мактабиро риоя кунанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь