Соли гузашта дар вилояти Хатлон нақшаи қисми дармади буҷет барзиёд иҷро шуда, ба буҷети вилоят нисбати нақша 52,7 миллион сомонӣ маблағ  зиёд ворид карда шудааст. Дар ин миён шаҳри Норак соли гузашта  натавонистааст, ки нақшаи андозро пурра иҷро кунад.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Изатуллозода Ҳабибуло дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2022 аз руйи контингенти умумӣ ба андозаи 102,6 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103,2 дарсад таъмин гардидаст.

Ба гуфти ӯ, ба буҷет ба ҷойи 1656,1 милн сомонӣ нақшаи пешбинишуда 1708,8 млн сомонӣ ворид гардидаст, ки ин нисбат ба нақша 52,7 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 157,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

– Нақшаи андозҳо ва пардохтҳои маҳаллиро дар вилоят танҳо шаҳри Норак 12 дарсад ба маблағи 7,5 млн сомонӣ таъмин карда натавонисту халос, -а фзуд номбурда ва гуфт, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 168,2 млн соомнӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст, ки ин нисбат ба ввали соли 2022 14.6 млн сомонӣ кам аст.

Изатуллозода Ҳабибулло қай кард, ки ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди меҳнат ҷой надорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь