Дар Душанбе чорабиниҳои серуза бахшида ба эҳё ва рушди истеҳсоли абрешим ва атлас дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар доираи чорабиниҳои пешбинигардидаи лоиҳаи «Барқарорнамоии рушди устувори атлас ва абрешим дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон», ки аз ҷониби барномаи SWITCH-Asia дасгирӣ шудааст, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи RUTSIS ва ЮНИДО фестивали «Атлас»-ро аз санаи 6 то 8 июни соли 2021 дар Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Фестивали «Атлас» дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» 6 июни соли 2021 баргузор мегардад. Барномаи ҷашнвора намоиши маҳсулоти атласро аз тарроҳони пешрафтаи Тоҷикистон ва тарроҳони даъватшуда аз Ӯзбекистон дар бар мегирад. Маҳорати тарроҳонро аъзои ҳакамони сатҳи байналмилалӣ баҳо медиҳанд. Дар охири намоиш беҳтарин тарроҳон, истеҳсолкунандагони атласу адрас ва инчунин истеҳсолкунандагони абрешим бо тӯҳфаҳои арзанда қадрдонӣ мегарданд. Нимаи дуюми рӯз, вохӯрӣ дар формати B2B миёни истеҳсолкунандагони абрешим ва атлас аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Рӯзи дуюми чорабинӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи ҷаъиятии «Рушди эҷодии Тоҷикистон» баргузор мешавад. Дар он рӯз лоиҳаи РУТСИС оид ба сертификатсияи нишонаҳои географӣ (GI) барои маҳсулоти атлас, кирмак ва ашёи хоми минтақаҳо муҳокима ташкил мекунад. Дар муҳокима намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Дар охири рӯз, даври дуюми B2B баргузор мешавад.

Дар рӯзи сеюм Мизи мудаввар оид ба сиёсати сертификатсия дар соҳаи кирмакпарварӣ баргузор мешавад. Мизи мудаввар дар толори маҷлисгоҳи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Таърихи лоиҳа:

Фаъолияти лоиҳаи РУТСИС доираи васеи масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ба таъсиси устувори истеҳсол ва имкониятҳои беҳтарнамоии арзиши атлас таъсир мерасонад.

Фаъолияти лоиҳа равона гардидааст ба:

  • баҳодиҳии эҳтиёҷот ва иттилоъ додани корхонаҳо дар бораи таъсиси занҷираи арзиш бо назардошти талаботи истеҳсолоти устувор;
  • эҳё ва азнавсозии занҷираҳои арзиши абрешим ва атласи маҳаллӣ;
  • гузаронидани машғулиятҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои истеҳсолкунандагони абрешиму атлас ва муасиссаҳои таълимии соҳаи мазкур;
  • маслиҳат додан ба муассисаҳои таълимии махсус, ки ба омода намудани кадрҳои соҳаи кирмакпарварӣ машғуланд;
  • эҳё намудани истифодаи рангҳои табии ва аз ҷиҳати экологӣ тоза;
  • ташкили чорабиниҳои минтақавӣ, мубодилаи ҳамкорӣ дар формати B2B, ярмаркаҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки истеҳсолкунандагони абрешим;
  • ҷорӣ кардани тамғагузорӣ ба маҳсулоти тайёр ва дар ниҳоят фароҳам овардани имкониятҳо барои шинохти байналмилалии маҳсулоти абрешимӣ ва атласи экологии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи SWITCH Asia, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз гардидааст. Лоиҳаи «Барқарорнамоии рушди устувори атлас ва абрешим дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» аз ҷониби консорсиум, ки ба ҳайати он ташкилотҳо ва ширкатҳои консалтингии Олмон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла: adelphi research GmbH (Олмон), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди сайёҳӣ” (Тоҷикистон), Маркази рушди ҳунарҳои Маргилон (Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи санъат ва дизайни Бург Гибихенштейн Ҳалле (Олмон) шомиланд,  амалӣ карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь