Дар толори “Гӯшаи амрикоӣ”-и шаҳри Душанбе озмуни “Имло” (Spelling Bee), миёни ҷавонон баргузор гардид, ки дар он 11 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ омада, сабқат варзиданд.
Санаи 15-уми август бори нахуст чунин чорабинӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки созмондиҳандаи озмуни мазкур сафорати Америка маҳсуб меёбад.
Spelling Bee сабқатест, дар он бояд довталабони озмун талаффузи ҳарф ба ҳарф ва навиштани калимаҳоро бо забони англисӣ иҷро намоянд. Ин 11 ҷавон ғолибони озмун дар кишварҳои худ ҳастанд, ки ба даври минтақавӣ роҳ ёфта, ба Тоҷикистон омаданд.
Алинур Раҳматулин, аз Қазоқистон, миёни 11 нафари иштирокчӣ ғолиби сабқати имлои забони англисӣ гардид.
“Spelling bee”, ё озмуни “Имло”-и забони англисӣ, дар Амрико як чорабинии маърифатӣ дониста мешавад. Чунин озмунҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки маҳорати худро дар омӯзиши забони англисӣ сайқал дода, бо донишҷуёни дигар кишварҳо рақобат кунанд.
Тоҷикистонро дар ин озмун се ҷавон, Шӯҳрат Насруллоев, Мавзуна Юлдошева ва Муҳаммад Менгиқулов намояндагӣ карданд, ки моҳи апрели соли равон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, роҳхат ба озмуни минтақавиро пайдо намуда буданд.
Дар назар аст, ки чунин озмун дар ҳар “Гӯшаи амрикоӣ”-и кишвар гузаронида шавад.