Ба гузориши хадамоти матбуотии президент, дар ин росто дирӯз дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдор қабул шудааст, ки дар кори маҷлис нахуст аз руи масъалаи “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 960 ҳазору 741 гектар, аз он 681 ҳазору 413 гектар замини обӣ қарор дорад. Дар соли 2017 майдони 1 ҳазору 720 гектар заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ба заминҳои корами обӣ дохил карда шудааст.

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

“Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” қарори дахлдор қабул карда шуд.

Зарринаи Ғайрат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь