Шурои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони касбӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан озмуни дарёфти Ҷоизаи “Эътимод”-ро эълон кард.
Ин ҷоиза аз соли 2016 дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3 май ба журналистоне тақдим мегардад, ки:
“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”–ро зимни таҳияи матолиб риоя мекунанд;
Дар рушди журналистика саҳми арзандаи худро мегузоранд ва барои боло рафтани обрӯи касбӣ мусоидат мекунанд;
Матолибе таҳия мекунанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеа нишон медиҳад;
Масъулияти баланди шаҳрвандӣ доранд;
Зимни ҳимояи манофеи касбиву миллӣ ахлоқи баланди касбӣ нишон дода, барои ҳимояи ин манфиатҳо қатъият нишон медиҳанд;
Дар матолибашон ормонҳои сулҳҷӯёна ва фарҳанги баландро таблиғ мекунанд;
Дар тайёр намудан ва раҳнамоӣ кардани журналистони ҷавон саҳми арзанда мегузоранд.
Номзадҳоро барои гирифтани Ҷоизаи “Эътимод” аъзои Раёсати Шурои ВАО, ё идораи ВАО, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд.
Қарорро дар бораи барандаи Ҷоиза Комиссияи таъсисдодаи Шуро мебарорад ва онро Раёсати Шуро ниҳоӣ мегардонад. Ҷоизаи “Эътимод” маблағ дорад, ки миқдори онро ҳамасола Раёсати Шуро муайян мекунад. Ҳамчунин, он дорои дипломи рамзӣ мебошад.
Тибқи низомнома, пешбарии номзадҳо то 25 апрел идома меёбад. Барои маълумоти бештар ба Шурои ВАО-и Тоҷикистон бо суроғаи ш.Душанбе, х. Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 11, бо почтаи электронии mediacounciltajikistan@gmail.com ва ё рацами телефони (+992) 90-004-91-19 муроҷиат намоед.