Дар доираи соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар толори таълимии дастгоҳи марказии Амонатбонк бо иштироки мудирон ва кормандони алоҳидаи филиалҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ оид ба талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва уҳдадориҳои ба он таъиншуда», шарҳи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассисони Идораи ҳуқуқи Раёсати Бонк семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ҳуқуқшиноси Идораи ҳуқуқ Абдуллозода Сангалӣ Сафол ва мутахассисони Идораи методология ва бозомӯзии кормандон ба ҳозирин доир ба талаботҳои ҳар як санади зикршуда маълумот дода, иброз намуданд, ки дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ силсила-чорабиниҳои омӯзишӣ бо кормандони филиалҳои тобеи Бонк ва муштариёни Бонк дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат дар назар дошта шудааст.

Баъдан доир ба ҷанбаҳои асосии санадҳои зикршуда, ки самтҳои фаъолияти бонкдориро ба танзим медароранд муфассал ахборот дода шуда, иштирокдорони семинар-машварат ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь