Намояндаи хоси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсуф Қобулҷонов бори нахуст бо хабарнигорон мулоқот кард. Вай гуфт, ки ин мулоқоти ӯ намунае аз ислоҳоти доманфарох ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи воситаҳои ахбори оммавӣ мебошад, ки таҳти роҳбарии президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ мепайвандад.

-Шуморо итминон медиҳем, ки омодаем бо журналистони ватанию хориҷӣ муколамаи доимӣ ва ошкоро баргузор кунем, – гуфт Юсуф Қобулҷонов.

Ба гуфтаи ӯ аз ин тариқ фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва намояндагиҳои хориҷии он инъикоси худро хоҳад ёфт.

Дар пайи он Юсуф Қобулҷонов тавзеҳ дод, ки дар чаҳор моҳи соли равон Вазорати корҳои хориҷии кишвараш бархе аз корҳои муҳимро ба сомон расонидааст ва минбаъд низ анҷоми як қатор чорабиниҳои муҳим барномарезӣ шудаанд.

Бино ба ҳарфҳои ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон сиёсати хориҷие, ки Шавкат Мирзиёев пеш гирифтааст, дар паёми ӯ ба парлумон ифода ёфтаанд. Аммо дунёгиршавии куруно дар ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла дипломатӣ низ бетаъсир намонд.

– Дар ин шароит дипломатҳои мо кори худро бояд ислоҳ мекарданд, бо вуҷуди ин мо тавонистем динамикаи ҳамкориҳои байналмилалиамонро ҳифз намоем ва онро афзоиш диҳем, – иброз дошт намояндаи хоси Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Баъд Юсуф Қобулҷонов аз он ёдовар шуд, ки вазири хориҷаи кишвараш Абдулазиз Комилов новобаста аз ин шароит мунтазам боздиду мулоқотҳояш бо ҳамкорони хориҷиро идома медиҳад.

– Дар чаҳор моҳи охир 28 сафари ҳайати Вазорати корҳои хориҷии мо ба кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт, 26 ҳайати мамолики хориҷӣ пазируфтаву бо онҳо гуфтушунидҳо ба роҳ монда шуданд, 56 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, – гуфт ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи Юсуф Қобулҷонов робитаҳои Ӯзбекистон бо Тоҷикистон низ дар заминаҳои мухталиф беш аз пеш тавсеа меёбанд.

– Масъалаи баргузор намудани “Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон”, инчунин Форуми зиёиёни эҷодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Тошканд баррасӣ мешаванд, – таъкид варзид Юсуф Қобулҷонов.

Дар ин давру замон муҳоҷирони меҳнатӣ ба он ниёз доранд, ки дар доираи қонун ва фазои амн дар хориҷ аз кишвари худ ба кор фаро хонда шаванд. Гуфта мешавад, ки дар ин замина Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба манзури таъмини муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва қонунии шаҳрвандони ин кишвар бо мақомоти мамолики хориҷӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Интизор меравад, ки 11-12 майи соли равон мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад. Баъдан масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар як мулоқоти дигар таҳти унвони “Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ” мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ин бора низ Юсуф Қобулҷонов зимни мулоқоташ бо хабарнигорон иттилоъ дод.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь