Имрӯз дар ноҳия Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон барф борид, ки ба гуфти коршиносон ин ба кори деҳқонон ва ҳосили дарахтону кишти зироати кишоварзӣ хисороти зиёд хоҳад овард.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ноҳияи  Шамсиддин Шоҳини бо гузоштани чанд акс дар сайфаи фесбукиаш аз боридани барф дар рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ хабар дод.

Бояд гуфт, ки шаби 19-уми марти соли 2022 дар ин ноҳия  низ  барф борида буд.

Коршиносони соҳаи кишоварзӣ гуфтанд, ки солҳо боз дар вилояти Хатлон дар чунин шабу рӯз  боридани барфу жоларо надида буданд. Ба ақидаи онҳо ин офати табиӣ ба кишти зироати кишоварзӣ ва ҳосили дарахтон зарари худро мерасонанду дарахтон кам ҳосил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь