Кадзуо Исигуро – нависандаи ҷопонитабори Англия барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуд.
Исигуро соли 1954 дар Ҷопон ба дунё омада ва дар Англия таҳсил кардааст ва дар соли 1982 шаҳрвандии ин кишварро пазируфтааст. Ӯ барандаи ҷоизаи Букер – маъруфтарин ҷоизаи адабии англисизабонҳо низ шудааст.
Исигуро муаллифи романҳои маъруфе чун “Бақияи рӯз”, “Маро раҳо макун” ва «Ғӯлпайкари дафншуда» аст, ки бештарини осораш ба 40 забон, аз ҷумла забонҳои русӣ ва форсӣ тарҷума шудаанд. Чанд романаш дар китобфурӯшиҳои Душанбе (ба забони русӣ) ҳаст.
Блоки рекламавӣ