Дар ноҳияи Балҷувон чун дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуда, тамоми наваскаронро барои шомил гардиданашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шодбош гуфтанд.

Иброз доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон базаи моддию техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ мукаммал гардида, шароити қисмҳои ҳарбӣ ба сатҳи баланд расонида шудааст.

Бо қаноатмандӣ баён доштанд, ки сол аз сол сафи даъватшавандагони ихтиёрӣ зиёд шуда истодааст, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ғаюру далери ноҳия шаҳодат медиҳад.

Дар охир аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз тараннуми Ватану истиқлол хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь