Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бар асари бархӯрди  автомашинаи “ГАЗ-52” бо мототсикл ронандаи ноболиғ ба ҳалокат расид.

28-уми декабри соли 2022, тахминан соати 13:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-52” Файзов Пулот Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ҳудуди деҳаи Қазоқободи ҳамин ноҳия ҳаракат мекард. Аз самти муқобил мототсикли бе рақами қайди давлатӣ, ки таҳти идораи ноболиғ Пармонов Абдурасул Аҳмадович, соли таваллудаш 2007 қарор дошт, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба автомашинаи мазкур бархӯрдааст. Дар ин хусус Офоқ Қодириён ,котиби матбуотии ВКД дар вилояти Хатлон, итиллоъ дод.

– Дар натиҷа, ноболиғ Пармонов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад, – гуфт Қодириён.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here