Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тули 8 моҳи соли ҷорӣ 198 ҳолати вайрон кардани қонуни замин дар майдони 56,85 гектар ошкор карда шудааст, ки 17 ҳолати он ғасби худсаронаи замин мебошад.
Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холзода Маҳамадшариф иттилоъ дод, ки афроди қонуншикан ба маблағи 110 ҳазору 218 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Манбаъ гуфт, ки дар ин давра 11 парванда ба прокуратура ва 23 маводи дигар барои маҷбуран руёнидани маблағҳои ҷаримашуда ба суд фиристода шуданд.
Ӯ зикр кард, ки замин моликияти истисноии давлат буда, ғасби худсаронаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад, аз ин рӯ сокинон набояд даст ба ғасби худсаронаи он зананд.
Блоки рекламавӣ