Президенти ИМА Ҷо Байден хуруҷи ИМА аз Афғонистонро “рисолати бениҳоят муваффақ” номид.
” Иёлоти Муттаҳида шаби гузашта дар Кобул ҷанги 20-соларо дар Афғонистон хотима дод, ки тӯлонитарин ҷанг дар таърихи Амрико буд ва мо бузургтарин амалиёти эвакуатсияи ҳавоиро дар таърих анҷом додем”, – гуфт раҳбари Амрико.
Ба гуфтаи раҳбари Кохи Сафед, ин рисолат ба туфайли “қобилият, маҳорат, далерӣ ва фидокории артиш, дипломатҳо ва афсарони иктишофии ИМА” “муваффақ” буд. Байден гуфт, ки онҳо маҷбур буданд дар тӯли чанд ҳафта ҷони худро зери хатар гузошта, амрикоиҳо ва шаҳрвандони кишварҳои дигарро аз Афғонистон берун кунанд.
Раҳбари Амрико афзуд, ки ҳангоми тасмим дар бораи хуруҷи артиши Амрико аз Афғонистон ба 300 000 сарбози ҳукумати Афғонистон умед мебаст. “Мо ба он умед баста будем, ки зиёда аз 300 ҳазор сарбози ҳукуматӣ, ки мо дар тӯли бист соли охир онҳоро таълим ва муҷаҳҳаз кардаем, дар ҷанг бо Толибон истодагарӣ мекунанд”, – гуфт ӯ.
Байден гуфт, ки тахмине, ки ҳукумати Афғонистон то ба охир расидани хуруҷи неруҳои Амрико идома хоҳад кард, ғалат баромад.