Баҳодур Уроқов, хабарнигори маъруфи ҳафтаномаи СССР дар синни 42-солагӣ, баъди маризии кӯтоҳмуддат, бар асари бемории ҷигар моро тарк кард.

Баҳодур миёни ҳампешагон бо зарофатҳои намакин ва дили софу беғубораш шинохта шуда буд ва миёни ҳампешагонаш бо ҷуръату ҷасорати махсуси хеш фарқ мекард. Аз ӯ шаш нафар фарзанд ятим монданд ва дигар падарро дар хаёлу хотираашон меҷӯянд.

Номбурда муддати чанд соли охир дар ҳафтаномаи СССР фаъолият дошт ва бо дасти кушоду меҳмондориаш ном бароварда буд.

Имрӯз соати 10-и субҳ часади марҳум дар зодгоҳаш, ноҳияи Кушониён, ба хок супорида шуд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз хабари даргузашти Баҳодур Ӯроқов дилхун буда, ба хешовандону пайвандон ва ҳампешагона ҳамкорони марҳум изҳори ҳамдардии амиқ менамоянд. Манзили охиратат обод бод, ҳампешаи азиз!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь