Сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки дар натиҷа 29 нафар осеби гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, мақомотро маҷбур ба санҷиши сартосарии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ кардааст.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД аз ҳисоби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода, ба санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ оғоз кардааст.

ВКД хабар медиҳад, ки ҳангоми санҷиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки “дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомӯшкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям вуҷуд надоранду дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда нигоҳ дошта шудааст”. Аз ин рӯ, интиқоли нерӯи барқи НФС-и мазкур аз ҷониби мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор қатъ гардонида шуда, нисбати роҳбари он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳамчунин, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Имон импорт экспорт», воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ (роҳбараш Даврон Абдулхайров), ҶДММ “Ғайрат 82” (деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ),  ҶДММ «Тоҷик нафт» воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ вайронсозии зиёди қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ошкор гардидааст. Манбаъ мегӯяд, ки аз бемасъулиятии роҳбарони НФС-ҳои мазкур дар қутии барқӣ аз муҳофизаткунакҳои худсохт истифода карда шудааст, розеткаҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доранд, атрофи зарфҳои захираи сӯзишвориҳо аз алафи хушк ва қоғазпораҳову партовҳо тоза карда нашудаанд ва хатҳои интиқоли барқ низ дар баъзе қитъаҳо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд.

ВКД мегӯяд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати масъулин ҷарима татбиқ карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь