Узви пешини Палатаи конститутсионии Қирғизистон Клара Сооронқулова пешниҳод кард, ки барои бисёрҳамсарӣ товони зарари маънавӣ пардохта шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар шартномаи ақди никоҳ ҳаҷми товоне, ки мард бояд дар сурати никоҳи дуюм ба ҳамсари нахуст пардозад, дарҷ шавад.

Сооронқулова дар ин бора дар саҳифаи Фейсбук изҳори назар кард. Ба навиштаи ӯ, сарфи назар аз пайгарди қонунӣ, бисёрҳамсарӣ дар Қирғизистон хусусияти умумӣ касб кардааст. Сабаби асосиаш ин аст, ки занҳо аз вуҷуди никоҳи дуюм ба мақомот хабар намедиҳанд.

“Манъи қонунии бисёрҳамсарӣ тахсирбахш нест. Мутаассифона, бисёрҳамсарӣ на танҳо ба нафъи мардон, балки ба манфиати занҳо низ ҳаст. Бояд чораҳои дигари пешгирии ин падида андешида шавад. Барои мисол, шартномаи ақди никоҳ ба роҳ монда шавад. Агар мехоҳӣ зани дуюм бигирӣ, барои ҳамсари якум товони зарари маънавӣ бипардоз”, – навиштааст Сооронқулова.

Баҳсҳо атрофи қонунигардонии чандҳамсарӣ дар Қирғизистон баъди он авҷ гирифт, ки муфтии пешини ин кишвар дар бораи доштани ҳамсари дуюмаш хабар дод. Дар як навори видеоӣ муфтии пешин Чубак Ҷалилов аз мардони дигар хост, ки аз ӯ пайравӣ карда, ҳамсари дуюм гиранд. Бархе аз вакилони порлумон аз мақомот талаб карданд, ки гуфтаҳои муфтии пешин санҷида шавад. Баъди он Ҷалиловро ду маротиба барои бозпурсӣ даъват карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь