30-юми ноябр ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя воксани «AstraZeneca» ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
То ба имрӯз ба Тоҷикистон 5 намуд воксан дар ҳаҷми 6 миллиону 137 ҳазору 700 воя ворид гардидааст. Аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди вируси сироятии COVID-19 воксан бигиранд, то 30-юми ноябри соли равон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) воксан гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми воксанро то рӯзи зикршуда 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандон гирифтаанд.
Блоки рекламавӣ