Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  хабар медиҳад, ки дар моҳи октябр ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя воксани «CoronaVac» (Чин) ва 302 ҳазор воя воксани «AstraZeneca» (Аврупо) ворид карда мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳуҷҷатгузорӣ ба охир расида, дар назар аст, рӯзҳои наздик воксанҳо ворид карда шаванд.

Мувфоиқи гузориши Вазорати тандурустӣ тоҷикистониҳо метавонанд бо воксанҳои «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech» -и ИМА ва воксани русии «Спутник V» воксан зананд.

Тто имрӯз  ба Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя воксани зидди коронавирус ворид карда шудааст. Омори охир аз он далолат мекунад, ки қисми ба нақшагирифтаи аҳолии Душанбе 104 дарсад воксанзанӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар рӯзҳои охир аз ягон сирояти вируси COVID-19 дар кишвар хабар надодааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь