Шаби 5 декабри соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва бо мусоидати механизми КОВАКС 546 ҳазор воя воксани “КоронаВак” ва дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои воксанҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Австрия 150 ҳазор воя воксани “АстраЗенека”, Маҷористон 50 ҳазор воя воксани “АстраЗенека”, Хорватия 122 ҳазор воя воксани “Модерна” ва дар маҷмӯъ 868 ҳазор вояи воксанҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) вориди Тоҷикистон гардиданд.
Дар маросими қабули вояҳои воксанҳои макзур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, ворид гардидани вояҳои воксанҳои мазкур баҳри боз ҳам ҷоннок намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 дар миёни сокинони кишвар мусоидат хоҳанд намуд.
Бояд гуфт, ки аз оғози маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 3 миллиону 118 ҳазору 210 нафар (53,5%) бо вояи якум ва бо вояи дуюм 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3%) ба воксантсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя воксани зидди бемории COVID-19 ворид гардидааст.