Вақти бозгашт аз Қатар дар ҳавопаймо ҳодисаи ҷолибе иттифоқ афтод. Яке аз мухлисон, ки барои дастгирии варзишгарон ба Қатар рафта буд, аз муваффақҳои дастаи футболи Тоҷикистон мисли аксари ҳамватанон ба ваҷд омада, эълон кард, ки ба дарвозабони тими миллӣ Рустам Ятимов дар маркази шаҳри Душанбе хона туҳфа мекунад.

Пас аз бозгашт ин хона ба номи Рустам Ятимов ҳуҷҷатгузорӣ гардид ва хабарашро расонаҳое нашр карданд, аммо номи ин соҳибкор эълон нашуда буд. Ахиран чанд пойгоҳи варзишӣ номи ин соҳибкори ватандӯстро расонаӣ карданд. Маълум шуд ӯ соҳибкори муваффақ Фаридун Убайдуллоев мебошад, ки дар Душанбе ба сохтмони чанд бинои хонаи истиқоматӣ машғул аст.

Хотиррасон мешавем, ки Рустам Ятимов бо ҳунарнамоии пурҷилояш дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё -2023 дили миллионҳо мухлисонро шод карда, номи кишвари моро дар сархати расонаҳои хабарии дунё гузошт. Ба ӯ қаблан аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” мошини тамғаи “Tayota Carolla” тӯҳфа карданд.

Футболбози тоҷик ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо туҳфаҳои молиявии арзишманд сазовор гашта буданд.

Ба назари таҳлилгарон чунин дастгириҳо боиси боз ҳам пешрафта шудани футболи тоҷик хоҳад гашт. Хоса, вақте соҳибкорони муваффақ аз пеши худ ва самимона варзишгаронро дастгирӣ мекунанд, ин боиси ангезаи бештар гирифтани варзиш байни наврасону ҷавонон мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь