Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода соҳиби рутбаи нави генерал-полковники милитсия гардид. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин рутба рӯзи 25-уми август аз ҷониби Президенти кишвар бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дода шудааст.
Бино ба иттилои масъулони вазорат, инчунин, Абдулваҳҳоб Искандарзода – сардори идораи корҳои дохилии вилояти Бадахшон, Рустам Шафизода – сардори идораи корҳои дохилии Рашт ва Сӯҳроб Рамазонзода – сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД бо рутбаи генерал-майори милитсия сарфароз шудаанд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ рутбаҳои ҳарбии махсуси “генерал-полковники адлия” ва “генерал-полковник” дода шудааст. “Теъдоди муайяни хидматчиёни Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои «генерал-майори милитсия», «генерал-майор», «генерал-майори гвардия» сарфароз гардонида шуданд”, – иттилоъ додаанд дафтари матбуоти Президент.