Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сафари расмии худ ба Русия 16 санади нави ҳамкориро ба имзо расонидааст. Дар ин бора Маркази матбуоти президенти кишвар иттилоъ медиҳад.

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуда,

президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин 16 санадро ба имзо расониданд, ки инҳоянд:

– Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати Аллюминии тоҷик” ва Бонки ВТБ;

– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Русия;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Русия;

– Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва Ҳукумати вилояти Нижегородск дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ;

– Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти инсон (Русия) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

– Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Русия барои соли 2019;

– Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русия оид ба ташкили тартиби соддагардонишудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия (“долони соддаргардонидашудаи гумрукӣ”);

– Протоколи байниидоравӣ дар бораи риояи талаботи фитосанитарӣ ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия ворид намудани маҳсулоти меваю сабзавотӣ аз лиҳози фитосанитарӣ муҳим;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Русия;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки забони таҳсилашон русӣ мебошад;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2013;

– Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекусорҳои онҳо;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Русия;

– Ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ;

– Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Русия оид ба ҳамкории муштарак дар самти ошкор ва таҳқиқ намудани вазъи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ барои манфиатҳои қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар рафти амалиётҳои муштарак;

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь