Дар 9 моҳи соли ҷорӣ  ба вилояти Хатлон 50,1 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 45,6 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон  хабар дода шуд.

Гуфта шуд, ки  дар маҷмӯъ, ба вилоят беш аз 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 миллиард доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Ба вилояти Хатлон аз 28 кишвари хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба Россия (40,1%), Чин (38,1%), Эрон (18,1%) рост меояд.

Ҳамзамон, дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 838,3 миллион доллар баробар мебошад. Ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ тақвият меёбад.

Дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 мавриди амал қарор дошта, иҷрои лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд. Дар давоми соли гузашта Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 46 фоиз таъмин гарида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур 140 лоиҳа ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ бо пуррагӣ  иҷро гардида, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Ғайр аз ин, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят амалишавии барномаҳои рушд идома дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ёвон, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Шаҳритус амалишавии барномаҳо назаррас мебошанд.

Дар ҳисобот зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷии вилоят ба 365,6 миллион доллар баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 10,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь