Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба кишварҳои Русия 40,6%, Чин 35,6% ва Эрон 18,5% рост меояд. Дар ин бора роҳбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ  вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ итилоъ дод.

Ба гуфти ӯ, дар вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хоричӣ тадбирҳои зарурӣ  андешида, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 41,5 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

“Дар шаш моҳи соли ҷорӣ сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар зиёда аз 5 форуму намоиши тиҷоратӣ  ва вохуриҳо ширкат варзида барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ 41 шартномаю ёдоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 5 6 миллион сомонӣ ба имзо расониданд”, гуфта шуд дар нишаст.

Ҳемчунин қайд гардид, ки айни замон дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ низ татбиқ мешавад, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 838,3 млн. доллар маблағ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ , хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь