Дар як моҳи охир ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлони 15 адад мошини ёрии таъҷилии замонавӣ доданд, ки ин барои саривақт расонидани ёрии авалия ба сокинон мусоидат мекунад.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ин мошинҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоиҷикистон дода шуданд.

Ӯ гуфт, нақша доранд, барои вилоят бо дастгирии вазорат боз чанд мошини ёрии таъҷилии  дигар дастрас карда, ба шаҳру ноҳияҳо фиристанд.

Наҷотзода Фурқат, роҳбарии Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Бохтар, низ  афзуд, ки солҳои пеш аз норасоии мошинҳои ёрии таъҷилии мушкилӣ доштанд.

– Аммо соли 2021 бо дастгирии ҳукумати шаҳр ва Вазорати тандурустии кишвар 2 мошини ёрии таъҷилӣ ба марказ ворид гардида, дар нақша ҳаст, ки боз ду адади дигар дасрас кунем, – илова кард ӯ.

Сардори Раёсати тандурусти вилояти Хатлон қайд кард, ки шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон воқеан ҳам ба мошини ёрии таъҷилии замонавӣ ниёз доранд ва дар нақша ҳаст, ки ин мушкилҳо ҳал шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь