Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дирӯз бозиҳояшро дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба охир расонд, натавонист, ба даври дигари ин мусобиқа роҳ ёбад.

Чуноне дирӯз хабар дода будем, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охираш бар Мянмар бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд ва ба ҷойи дуюми ҷадвал баромад. Барои ба даври дигар роҳ ёфтан натиҷаи бозиҳои дигари гуруҳҳро бояд интизор мешудем. Ҳамин тавр, баъди анҷоми ҳамаи бозиҳо дастаҳои Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Аморати Араб ва Кореяи Ҷанубӣ аз ҷойи аввал, дастаҳои Умон, Ироқ, Вйетнам, Чин ва Лубнон аз ҷойи дуюм ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 4 гол нарасид, то аз Лубнон пеш гузарад ва бори аввал дар таърихи худ ба ин марҳилаи чемпионати ҷаҳон роҳ ёбад.

Акнун футболбозони тоҷик дар даври гуруҳии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи феврали соли 2022 шуруъ мешавад, ширкат мекунанд. Ба ин марҳилаи ин мусобиқа дастаи Тоҷикистон бори аввал роҳ ёфт.

Пеш аз анҷоми бозиҳо сармураббии даста мутахассиси бухороӣ Усмон Тошев тасмим гирифта буд, ки баъди ба охир расидани даври гуруҳӣ аз вазифааш канор меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь