Ба маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ  8 автобус оварда мешавад, аммо масъулони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар гуфтанд, роҳҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Исроил Шафизода, сардори   Раёсати мазкур, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки истгоҳҳои умумии  нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар пурра омода шуда,  дар таваққуфгоҳи нақлиётӣ таъмир идома дорад.

“Мақомоти  маҳаллии шаҳри Бохтар тасмим дорад, то Наврӯзи имсол автобусҳоро ворид кунад. Дар ояндаи наздик ба шаҳри Бохтар боз 31 автобуси дигар оварда мешавад”, – гуфт ӯ.

Исроил Шафизода афзуд, ки роҳҳои мошингард  дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудаанд. “Он замон шояд дар шаҳр 1 ҳазор мошин буд. Ҳоло зиёда аз 10 ҳазор нақлиёт ҳаракат мекунанд. Албатта, роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд”, – афзуд вай.

Аммо Сафаров Тоҷидин, роҳбари татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон, дар нишасти раиси шаҳри Бохтар  иттилоъ дод, ки роҳҳои шаҳр ба талабот ҷавогӯ буда, дар наздиктарин фурсат 8 автобус ба шаҳр оварда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь