Неруҳои дифои Исроил эълом карданд, ки амалиёти зидди Ҳамосро дар бемористони Ал-Шифо оғоз кардаанд.  Неруи дифои Исроил (САХАЛ) дар як паёми шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки амалиёти “ҳадафнок” бо иштироки гуруҳҳои пизишкӣ ва афроде, ки забони арабиро медонанд, сурат мегирад.

“Онҳо омӯзиши махсус гирифтанд, то дар чунин як муҳити душвор ва ҳассос фаъолият кунанд, то ба ғайринизомиён, ки Ҳамос аз онҳо ҳамчун сипари зинда истифода мекунад, осеб нарасонанд”, – омадааст дар гузориш.

Артиши Исроил мегӯяд, як рӯз пеш аз он аз мақомоти навори Ғазза талаби қатъӣ карда буд, ки неруҳои мусаллаҳ бояд дар давоми 12 соат бемористони Ал-Шифоро тарк кунанд. Талаб иҷро нашуд.

Низомиён мегӯянд, ки эвакуатсияи густурдаи бемористонро ташкил кардаанд ва бо раҳбарияти он пайваста дар тамос ҳастанд. Ҳанӯз ҳеҷ таъйиде аз ин аз ҷониби раҳбарият вуҷуд надорад, танҳо як изҳороти котиби матбуотии вазорати беҳдошти Ғазза таҳти назорати Ҳамос мавҷуд аст, ки исроилиён чанде қабл аз оғози ҳамла онҳоро огоҳ кардаанд, хабар медиҳад ВВС.

Исроил исрор меварзад, ки Ал-Шифо аз ҷониби гуруҳи тундрави фаластинии Ҳамос ҳамчун маркази фармондеҳӣ ва анбори силоҳ истифода мешавад. Ба гуфтаи Исроил, ҷангҷӯён аз бемористонҳо дар баробари инфрасохтори ғайринизомӣ ҳамчун пӯшиш истифода мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь