14-уми март раиси Идораи дини мусалмонони Қазоқистон, муфтии олӣ Наврӯзбой-қоҷӣ Таганулӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо ширкати намояндагони васоити ахбори омма нишасти хабарӣ баргузор кард.

«Мо баъди машварат бо муфтиҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, олимони масъули соҳаи фатво ва инчунин бо назардошти натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ тасмими муштарак қабул кардем. Имсол моҳи Рамазон 23-юми март оғоз мешавад. Ва шаби аз 17 то 18-уми апрел шаби қадр аст. Рӯзи 21-уми апрел иди Фитр аст», – гуфт ӯ.

Илова бар ин, дар идораи маънавии мусулмонони Қазоқистон андозаи фитри садақаро низ муайян карданд.

«Имсол ҳаҷми фитри садақа 535 танга муқаррар шудааст. Миқдори фитри садақа аз рӯи нархи миёнаи 2 кг орд дар кишвар ҳисоб карда шуд. Фитри садақаро ба қимати хурмову мавиз низ додан мумкин аст”, – гуфт Наврӯзбой.

Дафтари матбуоти Идораи дини мусалмонони Қирғизистон низ хабар дод, ки моҳи шарифи Рамазон имсол аз 23-юми март оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол, ин созмони динӣ таъкид кардааст, ки вобаста ба зуҳури моҳ, санаи оғози рӯзадорӣ метавонад як рӯз тағйир ёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь