Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи шанбе президенти феълии ҷумҳурӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба унвони номзад ба мақоми раҳбари давлат дар интихоботи қарибулвуқӯъ сабти ном кард.

Рӯзи 20 ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Тоқаев аз Эътилофи халқӣ, ки бо дастгирии ӯ таъсис дода шудааст, пешбарӣ карда шуд.

«Комиссияи марказии интихобот муайян кард, ки номзад ба мақоми президентӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба талаботе, ки конститутсия ва қонуни конститутсионии «Дар бораи интихобот дар Ҷумҳурии Қазоқистон» муқаррар кардааст мувофиқат мекунад», – гуфт раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Нурлан Абдиров.

Хабар дода мешавад, ки Комиссияи марказии интихобот дар бораи мувофиқати президенти феълии кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба талаботи номзадҳо дар интихоботи ояндаи президентӣ тасмим гирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь