Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфт, ки ҷумҳурӣ ба хотири рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон режими Толибонро (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъ) аз рӯйхати террористӣ хориҷ кардааст.

«Қазоқистон режими Толибонро бо назардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Афғонистони муосир ва дарки он, ки ин режим омили дарозмуддат аст, аз рӯйхати террористӣ хориҷ кард», – гуфт Тоқаев дар мулоқот бо раисони палатаҳои порлумонҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки суханони ӯро аз хадамоти матбуотиаш иқтибос овардааст.

Ба гуфтаи Тоқаев, яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.

Раҳбари Қазоқистон бо ишора ба аҳамияти мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои СПАД дар ин масъала даъват ба амал овард, ки аз ташаббуси ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳадафҳои рушди устувори СММ барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато дастгирӣ карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь