Субҳи 28-уми октябр дар як кон таркиши метан рух дод. Қаблан дар бораи 35 қурбонӣ гузориш шуда буд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи 29-уми октябр хабар дод, ки шумори қурбониёни садама дар кони Костенко дар вилояти Қарағанди Қазоқистон ба 46 нафар расид. Қаблан дар бораи 35 қурбонӣ гузориш шуда буд. Ҷасади 29 нафарро ба рӯи замин бароварданд. Ҷустуҷӯи конканҳои дигар давом дорад. Дар амалиёти наҷот 10 гуруҳи наҷотдиҳанда  ширкат доранд.

Шаби 28-уми октябр дар кон таркиши метан рух дод. Ҳангоми садама дар кон 252 кас буданд, 205 конкан мустақилона ба рӯи замин баромаданд. Сирима Шарифхонов, раиси вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфт, имкони пайдо кардани афроди боқимонда кам аст, аммо наҷотдиҳандагон то ҳол ба ин умед доранд.

Ин кон ба ҶСК «АрселорМиттал Темиртау» тааллуқ дорад. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҳукумат дастур дод, ки ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ин ширкатро қатъ кунад. Дафтари матбуоти Девони вазирон хабар дод, ки ҳукумати Қазоқистон созишномаро бо ин ширкат дар бораи додани моликияти корхона ба фоидаи давлат ба анҷом мерасонад. Ҳама конҳои ArcelorMittal Temirtau аз кор монданд.

Тоқаев бо хешовандони конканҳои ҳалокшуда мулоқот карда, ваъда дод, ки ба онҳо тамоми кумакҳои заруриро мерасонад. Ӯ 29 октябрро дар Қазоқистон рӯзи мотам эълон кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ба ҳамтои қазоқаш ва мардуми Қазоқистон дар робита ба марги конканҳо изҳори ҳамдардӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь