Аз рӯзи 8-уми июн сӯхтори ҷангал дар кишвари Қазоқистон идома дорад, ки боиси ҳалокати дастикам 14 нафар шудааст.

Дар ҳоли ҳозир талоши сӯхторнишонҳо барои рафъи сӯхтор дар ноҳияи Абай равона шудааст.

“Ҳувияти афроде, ки дар ин сӯхтор ҷон додаанд, муайян карда мешавад”, – омадааст дар хабари вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.

Наҷотдиҳандагон ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор дар вилояти Абай ҷасади 11 нафарро пайдо карданд. Қаблан ҷасади се корманди гумшудаи лесхоз пайдо шуда буд.

Хомӯш кардани сӯхтор тавассути чархболҳо ва техникаҳои заминӣ анҷом дода мешавад. Дар он ҳудуди 1500 нафар, беш аз 290 техникаи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, Кумитаи хоҷагии ҷангал, мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати мудофиа ҷалб шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь