Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон хабар дод, ки соҳибкори маҳкумшуда Қайрат Сатиболдуғлӣ 650 миллиард тангаро (1,4 миллиард доллар) ба ҳисоби давлат баргардонд.

Намояндаи расмии Хадамоти мубориза бо коррупсия Арман Тлеуканов гуфт, ки нисбати Қайрат Сатиболдуғлӣ бар асоси моддаи 218 қисми 3 барои шустушӯи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда тафтиши пешакии парванда анҷом шудааст.

«Бо истифода аз маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва фоида аз пулҳои ғайриқонунӣ, Қайрат Сатиболдуғлӣ молу мулки гуногун, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ба даст оварда, аз бонкҳои Қазоқистон ва хориҷи кишвар пул гирифтааст, ки ҳоло ин парванда дар додгоҳ аст. Боз як ҳодисаи саркашӣ аз пардохти андоз вуҷуд дорад, ки дар робита ба он тафтишоти пешакӣ идома дорад. Пас аз расидани маълумоти нав ҳодиса шарҳ дода мешавад”, гуфт Тлеуканов дар брифинг дар Антикор.

Вай тавзеҳ дод, ки тамоми дороиҳое, ки аз Сотиболдуғлӣ мусодира шуда буданд, ба давлат баргардонида мешаванд. Дар ҳоли ҳозир мабалағи умумии ба ҳсиоб давлат баргардонидашуда 912 миллиард танг аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь