Иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи нақшаҳои эҳтимолии хурӯҷи Қазоқистон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) пайдо шуда буд, дуруст нест, хабар медиҳад вебгоҳи stopfake.kz, ки бо дастгирии Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст.
“Дар Telegram паёме паҳн шудааст, ки Қазоқистон ташаббуси хуруҷ аз Иттиҳоди гумрукии ЕАЭС-ро кардааст. Сабабаш гӯё “ихтилофоти ҳалнашуда байни Қазоқистон ва Русия” будааст. Ин хабар дуруст нест. Ин хабарро Вазорати тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқиситон низ рад кардааст “, гуфта мешавад дар хабари вебгоҳи stopfake.kz.
Тавзеҳ дода мешавад, ки ин хабарро Вазорати корҳои хориҷии кишвар низ рад кардааст.
Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.
Блоки рекламавӣ