То соати 9:00-и рӯзи 23-юми январ бар асари заминларза дар Алмаато 44 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористонҳои шаҳр интиқол ёфтаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар додааст.

Ба 10 кӯдак ёрии тиббӣ расонида шуд, 5 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд, 5 нафар ба табобати амбулаторӣ фиристода шуданд. Бисёриҳо ҷароҳатҳои сабук ва миёна, аз қабили ҷароҳатҳои дасту пойҳо, бардоштаанд.

«Дар пайи ҷаҳидан аз ошёнаҳои дуюм ва сеюми бинои истиқоматӣ се нафар ҷароҳат бардоштаанд. Пас аз муоина ду ҷабрдида барои муолиҷаи амбулаторӣ фиристода шуданд. Вазъи бемори сеюм вазнин арзёбӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт», – омадааст дар хабар.

Бар иловаи заминларза, шаб ва субҳи 23-юми январ дар Алмаато чанд такони дигар ба қайд гирифта шудааст. Бисёре аз одамон хонаҳои худро тарк карда, дар кӯчаҳо ва ё дар мошинҳо монданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар баъзе минтақаҳо роҳбандӣ ба вуҷуд омадааст.

Маркази заминларза дар 264-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Алмаато, дар ҳудуди Қирғизистон, дар умқи 65 километр ҷойгир шудааст. Шиддати он 6,7 дараҷа будааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, маркази заминларза дар марзи Қирғизистону Чин, дар 129-километрии шаҳри Айкӯли минтақаи Шинҷон будааст. Шиддати он ба ҳафт дараҷаи Рихтер баробар будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь