Вазорати оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бар асоси он барои тавҳини афроди бедин ҷавобгарии маъмурӣ пешниҳод шудааст.
Шахсони воқеӣ барои таҳқири эҳсосоти мазҳабии диндорон, монеъ шудан ба фаъолиятҳои динӣ ва изҳори тундгароӣ то 700 доллар ҷарима хоҳанд шуд, омадааст дар матни лоиҳа.
Ҳамчунин дар Қазоқистон пешниҳод доранд, ки барои таблиғот ҷавобгарӣ пешбинӣ шавад. Гузашта аз ин, дар ин кишвар мехоҳанд, созмонҳои динӣ аз ҳаққи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум шаванд. Ба вайронкунандагони қонун ҷаримаи бештар аз 2 ҳазор доллар ва ба шаҳрвандони хориҷӣ ба изофаи ҷарима ихроҷ аз Қазоқистон пешбинӣ шудааст.
Ба роҳбарони созмонҳои динӣ, ки ноболиғонро бе иҷозати волидонашон ба фаъолиятҳои худ ҷалб месозанд, то 680 доллар ҷарима таъйин хоҳад шуд.
Бар пояи лоиҳаи мазкур, таҳсили динӣ дар хориҷ танҳо баъди гирифтани маълумоти динӣ дар дохили Қазоқистон иҷозат дода мешавад.