Судяи суди ноҳияи Панҷ Сайдаҳмад Зайдуллозода мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз даргириҳои бештар ва аз байн бурдани хусумату нофаҳмиҳои минбаъда бо директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳия Абдулҳаев Абдухалил оштӣ шудаанд. Ба қавли Зайдуллозода, Абдулҳаев, ки ӯро пас аз як садамаи нақлиётӣ, дар маҳзари ом дашному ҳақорат дода, латукӯб карда буд, бахшиш пурсидааст.

– Мо ҳарду зодаи як ҷамоати деҳоти як ноҳия ҳастем. Зуд-зуд бо ҳам рӯ ба рӯ меоем. Хусумату якдигарбадбинӣ паёмади хуб надорад, хусусан, барои мақомдороне мисли мо. Чунин ҳолат метавонад боиси ихтилофоти нохӯши зиёд миёни хешу табор ва қавмҳоямон гардад. Нишонаҳои он аллакай рӯ зада буданд. Пайвандону наздиконам ва баъзе ашхоси алоҳида дар ин давом борҳо омодагиашонро барои ҷавоб гардонидан ба кирдори ноҷавонмардонаи Абдухалил Адбулҳаев иброз доштанд, аммо ман ҳар замон бо зорию зӯрӣ монеи тасмимгириҳояшон шудам. Илова бар ин, Абдулҳаев ба аъмоли номуносибаш иқрор шуд ва дар ҳузури раиси ноҳия прокурор ва раиси суд аз ман бахшиш пурсид. Оини ҷавонмардӣ он аст, ки дасти бо умеди бахшиш ба сӯят дарозшударо ноумед нагардонӣ, – гуфт судя Зайдуллозода.

Директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ Абдухалил Абдулҳаев низ дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” бахшиши якдигар ва муросо бо судя Зайдуллозодаро тасдиқ кард ва гуфт, “ байни худамон ҳал кардем, дигар ягон проблема нест”.

– Якҷоя шиштем, маслиҳат кардем. Якдигарфаҳмӣ кардем. Агар сухани Худову расулро гӯш  кунем, бояд ҳамдигарро бибахшем. Мо ҳам салому алейк кардем, дасти якдигарро фишурдем ва бо ҳамин ба нофаҳмӣ нуқта гузоштем, – гуфт Абдулҳаев.

Назари мақомоти прокуратураи ноҳияи Панҷ ба ин ҳодиса, ки қаблан гуфта буданд, он мавриди санҷиш қарор дорад, норӯшан боқӣ мемонад, зеро то нашри матлаб ба зангҳои телефонии “Фараж” аз ин ниҳод на муфаттиши қазия Раҳматуллозода Ф. ва на прокурори ноҳияи Панҷ Ҳолиқзода А. ҷавоб надоданд.

Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазияи мазкур дар мақомоти ноҳияи Панҷ, бо шарти ифшо нашудани номаш, гуфт, нисбат ба директори совхоз тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парванда оғоз шудааст. Мувофиқи моддаи мазкур “барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад” “ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Сайдаҳмад Зайдуллозода дар як тамоси телефонӣ ба “Фараж” иддао карда буд, ки нисфирӯзии 10-уми майи соли равон, пас аз садамаи нақлиётӣ дар маркази ноҳияи Панҷ аз ҷониби директори совхози қароқулпарварии “Панҷ” Абдулҳаев Абдухалил, маъруф ба “махсуми Халил”, латукӯб шуд. Ба қавли Зайдуллозода, Абдулҳаев ӯро аввал дашному ҳақорат дод ва баъдан ҷонибаш ҳамла карда, ӯро задааст. Судя ин амали “махсуми Халил”-ро ба “хусумат ва ғарази шахсӣ” рабт дода буд.

— Хусумати директори совхози қароқулпарварии “Панҷ”-и ноҳияи Панҷ Абдулҳаев А. нисбат ба ман, ҳамчун судя, пас аз он сар зад, ки моҳи марти соли равон номбурда, бо дахолат ба кори судя, аз ман талаб карда буд, то аз баррасии як парванда вобаста ба баҳси замини наздиҳавлигии ду сокини ҷамоати деҳоти “Озодагон” даст кашам, аммо ман талаби ӯро рад карда, рӯзи 9-уми март, тавассути суди сайёр, бо намояндагони идораи заминсозӣ ва кормандони милисаи ноҳия ба ҷои баҳсӣ рафтем ва даъворо дар ҷояш ҳал кардем. Он рӯз ҳам Абдулҳаев А., пас ҷавоби рад шуниданаш, маро таҳдид карда, суханони қабеҳ гуфта буд. Баҳс чунин буд, ки нафари бо як оилаи маъюб дар ҳамсоягӣ зиндагидошта, чанд метр замини маъюбонро забт ва онро аз худ карда будааст ва Абдулҳаев тарафи шахси забткорро гирифта, мехост, ки ин масъаларо ман дар суд баррасӣ накунам, — қаблан иброз дошт Зайдуллозода.

Зайдуллозода гуфта буд, чанд зарбаи Абдулҳаев ба пӯшти сараш бархӯрдаву то чанд рӯз беҳолу бемадор буд.

— Худи ҳамон рӯзи воқеа аз рӯи амали махсуми Халил ба Прокуратураи ноҳия бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кардам ва раиси суди ноҳияро ҳам дар ҷараён гузоштам. Ба Суди Олии Тоҷикистон ҳам гузориши муфассал навиштам. Баъди ҳодиса бо аломатҳои фишорбаландӣ ва сарчархзанӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат карда, дармон гирифтам, — илова кард судя Зайдуллозода.

Директори совхози қароқулпарварии “Панҷ” -и ноҳияи Панҷ Абдухалил Абдулҳаев низ қаблан дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфта буд, ки бо Зайдуллозода ягон хусумату бадбинӣ надорад ва муноқиша бо айби судя рух додааст.

Ба қавли Абдулҳаев А. пас аз он ки судя бо нақлиёташ ба қафои мошини ӯ бархӯрдааст, аз мошин фаромада, дашному ҳақорат додааст ва як мушт ба сари раиси совхози қароқулпарварии “Панҷ” задааст, ки дар натиҷа барои муҳофизат аз худ бо судя даргир шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь