Як гуруҳи ҳаштнафара дар Тоҷикистон дар бораи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо филми мустанад ба навор мегиранд. Дар филме, ки ин гуруҳи филмбардорон ба навор мегиранд, вазъи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо давоми 60 соли охир мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода мешавад.

Коргардони ин мустанад коргардони ҷавони тоҷик Одина Маҳмад аст. Вай дар сӯҳбат ба Фараж иброз дошт, ки онҳо корро моҳи январ оғоз карда ва ният доранд моҳи июл филмро пешкаши бинандагон гардонанд.

Вай мегӯяд мавзӯи интихобкардаашон дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамавақт мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва аксар вақт онро ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд. Ҳарчанд дар ин маврид бисёр гуфтаанду навистаанд, вале то ба ҳол ягон филме дар ин бора сабт накардаанд.

“Аз ин сабаб гуруҳи филмбардории мо тасмим гирифт, то як филми тадқиқотиро омода кунад, ки бозгӯи вазъи имрӯзаи пиряхҳо дар Тоҷикистон бошад. Албатта, ки мо дар танҳоӣ ин корро карда наметавонем, ба ин хотир филм дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳо ва олимоне, ки дар ин самт фаъолият доранд, омода мегардад”, – иброз дошт Одина Маҳмад.

Дар мавриди он, ки чаро маҳз 60 соли охир тадқиқот мешавад, коргардони ҷавон мегӯяд, мутаассифона дар мо омӯзиши васеи пиряхҳо аз солҳои 60-70-уми қарни гузашта оғоз ёфтаанд. Бинобар ҳамин қарор карданд, ки 60 соли охирро таҳлил ва дар асосӣ ин маълумотҳо филм ба навор гиранд.

Вай ҳамчунин мегӯяд:

– Аз ин давра мо ҳатто метавонем тавассути аксҳои моҳвораӣ мушоҳида кунем, ки обшавии пиряхҳо дар шарқи  Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифтааст.  Натиҷаи кори мо таҳқиқоти олимон мебошад, ки дар шакли филми мустанад пешниҳод мегардад.

Одина Маҳмад бовар дорад, ки барои бинанда як филми таҳқиқотии хуб пешниҳод мекунанд.

Бояд гуфт банаворгирии филми мазкур дар даврае, ки қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷонби СММ қаул шуд, бисёр бамаврид ва саривақтӣ маҳсуб мегардад.

Дар чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар ин баробар айни ҳол дар кишвар “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мешавад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь