Полиси вилояти Ровнои Украина мошини сабукраверо боздошт, ки сари чанбараки мошин як тифли 9-сола менишаст. Аз дохили мошин аслиҳа ва маводи монанд ба мухаддир пайдо шудааст.

Ин ҳодиса дар наздикии деҳаи Опарипси вилояти Ровно рух додааст. Полис мошини навъи Jeep Grand Cherokee-ро манъ кардааст, ки ба гуфтаи кӯдак падари 33-солааш ба ӯ идораи мошинро бовар кардааст. Падари кӯдак низ дар дохили мошин буда, полис аз пайдо шудани аслиҳа дар дохили мошин ба тааҷҷуб афтодааст. Падари кӯдак иҷозаи доштани аслиҳаро надорад. Ин ҳанӯз ҳамаи моҷаро нест”, – навиштааст полис дар саҳифаи Фейсбук.

Ба гуфти полис кӯдаки 9-сола хостааст ба дастшӯӣ биравад ва дар масофаи роҳ то дастшӯӣ талош кардааст, халтаи дорои 25 қурсро, ки эҳтимол маводи мухаддир аст, партояд.

Мард ҷарима ва кӯдак ба модараш баргардонида шудааст. Полис таҳқиқро идома медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь