Корбарони саҳифаҳои иҷтимоии Фейсбук ин субҳ аз боло рафтани нархномаи роҳкирои таксиҳои самти Душанбе-Кӯлоб шикоят карданд.
Яке аз корбарони ин сайт менависад, ки «мусофиркашҳои самти Душанбе – Кӯлоб “иди калон” доранд. Онҳо бо ин баҳона, ки аз самти муқобил (бозгашт аз Кӯлоб-ред.) мусофир пайдо намекунанд, ҳоло аз Душанбе ба Кӯлоб аз ҳар мусофир 80-100 сомонӣ мехоҳанд».
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои гузашта роҳкиро дар ин самт барои як нафар 25-30 сомониро ташкил мекардааст. Ин корбар дар идомаи хабари худ менависад: «Мусофирон мегӯянд, ки агар ҳатто нархи як тарафи дигарро ҳам болои нархҳои имрӯзаашон зам мекарданд, шояд чизе намегуфтем ва бо душворӣ розӣ мешудем, ки ба 50 сомонӣ ба зодгоҳ равем, вале 100 сомонӣ ин ҷабр аст ва беинсофӣ. Албатта аз мардуми беинсоф талаби инсоф дар арафаи иди бузург ҳам беҳудаву бемантиқ аст. Барои ман аҷиб аст, ки мақомоти ҳукумати танзимпараст чаро ба ин ҷабру ситами мардум бепарвоанд? Агар ҳадафатон аз ҳисоби ҷаримаҳои ҳангуфт аз мардуми бечора пур кардани буҷа аст, равед таксистҳои беинсофро боздошту ҷарима намоед, шояд каме раги инсофи онҳо низ ҷумбад ва ба шумо низ ягон зарра дуои хайр расад».
Дар Тоҷикистон «расм» шудааст, ки дар арафаи идҳои бузург нархи молу коло аз ҷониби савдогарон баланд бардошта шавад, аммо ин навбат боло рафтани нархи химатрасонӣ бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст. Шояд ронандагон ба он боваранд, ки мардум барои ҷашн гирифтани ид дар зодгоҳашон, омодаанд бо ҳар пуле худро ба манзил расонанд?