Шуруъ аз мавсими оббозӣ, яъне якуми июн то имрӯз, дар кӯлу обанборҳои вилояти  Суғд  беш аз 10 кас ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Диловар Ҳамдамов, масъули матбоути Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва  мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, дар умум давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 23 ҳолати ғақршавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 12 тояш ба мавсимӣ оббозӣ рост меояд.  Инчунин,  кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилоят 6 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Ба гуфтаи ин масъул, ғақршавию ҳалокати сокинон дар обанборҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон бештар ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Ҳамдамов дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 2 сокинои вилояти Суғд худро аз боли пул ба об сарозер кардаанд, ки сабабу омилҳои даст ба чунин амал заданашонро мақомоти дахлдор месанҷанд. Масалан,  рӯзи 19-уми июл як ҷавонзани 28-сола  худро аз болои пули кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба Сирдарё партофтааст. Баробари расидани хабари фаврӣ гуруҳи махсуси зудамали  Раёсат дар якҷоягӣ бо бахшии шаҳрии ин ниҳод ба ҷойи ҳодиса рафта, тахмин 200-300 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса ҷавонзанро наҷот додаанд, ки дар ҳоли шок қарор дошт. Гуфта мешавад, ин ҷавонзан сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Наҷотдиҳандагон баъди аз об берун кардани зан ба ӯ  кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида, аз сабаби дар ҳолати шок қарор доштанаш ба “Ёрии таъҷилӣ” муроҷиат кардаанд. Сабаби аз болои пул худро ба дарё партофтани ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳқиқ мекунанд.

Дар умум дар давоми ҳафтаи сипарӣ дар вилояти Суғд дар давоми се рӯз се ҳолати ғақршавӣ ва худро ба об андохтани сокинони Суғд расонаӣ шуд, ки ду зан ва як ҷавон буда, ҳарсе сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Аз ин шумора як ҷавонзан наҷот дода шуда, як зани тахмин 35-сола ва як ҷавони 19-солаи  сокини ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  рӯзҳои 17-19 уми июл ба ҳалокат расида буданд.

Сабабҳои ғақршавию ҳалокати сокинон дар кулу обанборҳо гуногун арзёбӣ мешавад. Агар ду нафар бо қасди худкушӣ дар шашмоҳаи имсол худро аз болои пул ба дурё партофта бошанд, бештари ғақршудагон аз сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва дар ҷойҳои манъшуда, ки ҳатто аломатҳои манъ  гузошта шудааст, оббозӣ карда, ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи корманди ситоди ҳолатҳои фавқуллода, аксар онҳое, ки аз дигар минтақаҳо  ба шаҳри Хуҷанд омада дар дарёи Сир оббозӣ мекунанд, ҷойҳои манъшударо намедонанд. Бо вуҷуди насб кардани овезаҳои огоҳикунанда маҳз дар ҷойи манъшуда оббозӣ карда ғарқ мешаванд.

Инчунин, дигар сабабҳои афзоиши ғарқшавӣ бо оқибати маргро масъулини ҳолатҳои фавқуллода  ба рух додани садамаҳои роҳу нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ (роҳи ағба) рабт доданд.

Ёдовар мешавем, ки бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар дарёи Сири шаҳри Хуҷанд, “Баҳри тоҷик”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Исфара,  Зафаробод ва Панҷакент ба қайд гирифта шудааст.

Фарзона Муродӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь